(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Собитова Мунзифа Аҳматовна

Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси омӯзгори фанни математика ва физика хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатии худро соли 1982 ҳамчун ҳисобчии шуъбаи банақшагирии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, солҳои 1993-2002  аз фанни математика ва физика дар мактаби  таҳсилоти умумии № 3 ва №9-и шаҳр дарс гуфтааст.
Баъдан солҳои 2002-2007 дар вазифаи мушовири фанни математикаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст. Солҳои 2007 -2011 директори мактаби таҳсилоти умумии №21-и  шаҳри Хуҷанд, солҳои 2011 то 2012 мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва солҳои 2012- 2013 мутахассиси пешбари бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд буд.
Аз моҳи январи соли 2013 дар вазифаи директори Бойгонии байниидоравӣ оид ба ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд фаъолият дорад.
Соҳиби се фарзанд,  5 набера мебошад.