(3 овоз, миёна 3.67 аз 5)

Бобозода Толиб Карим

Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷандро бо ихтисоси муҳандиси мошинаҳои дӯзандагӣ хатм намудааст. Солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият бурда, аз моҳи майи соли 2011 то соли 2016 ба ҳайси мудири шӯъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст. Аз 18 майи соли 2016 то моҳи апрели соли 2017  дар вазифаи Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд кор кардааст. Бо Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 13 апрели соли 2017 бо тариқи гузариш ба мансаби мудири шӯъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд таъин  гардид.
Оиладор соҳиби чор фарзанд.