(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дар самти ободонӣ ҳамчун ҳадафҳои бунёдкорӣ ба роҳсозӣ ва таъмиру таҷдиди онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда истодааст. Дар ин ҷода барои хобонидани мумфарши хунук дар сатҳи чуқурчаҳои роҳ, миёнаҷои роҳҳои кӯчаю хиёбонҳо, ҳамвор намудани бардюрҳои ду тараф, иваз намудани қубурҳои обгузар ва аз партов тоза намудани ҷӯйборҳо ба маблағи 4,1 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардидааст.

Дар шаҳр 164,9 км роҳҳо, 318,0 ҳазор метри тӯлонӣ роҳрав, 175,9 ҳазор метри тӯлонӣ ҷӯйборҳо ва 2 адад кӯпрук вуҷуд дорад. Бо мақсади ба талаботи муосир ҷавобгӯй будани роҳҳо, дар ин давра бо масрафи 3306,35 тонна асфалтобетон, дар 98 кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ба масоҳати 31509 м2. ё ин, ки дар 44,82 километр роҳҳо корҳои таъмиру мумфаршкунӣ ба сомон расонида шуданд.

Барои таъмиру рангубор ва кашидани хатҳои уфуқии 4 кӯчаҳо ва 2 кӯпруки шаҳр бошад ба маблағи 316,3 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро карда шуданд.

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки 45,0 фоизи роҳҳои автомобилгарди байни биноҳои истиқоматии микроноҳияҳо ва дохилии маҳаллаҳо ба таъмири ҷорӣ ниёз доранд.

Ба аҳолии шаҳр 5 ширкатҳои нақлиёти автомобилии мусофиркашони хусусӣ ва Корхонаи давлатии коммуналии “Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд” хизмат мерасонад.

Шумораи умумии воситаҳои нақлиёти мусофиркашон дар ин корхонаҳои нақлиётӣ ба 720 адад баробар аст, ки аз онҳо 612 адад бо сӯзишвории дизелӣ ва 108 адад бо гази моеъ фаъолият карда истодаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ тавассути нақлиётҳои мусофиркашон дар 82 адад хатсайрҳои шаҳриву наздишаҳрӣ ба 46,6 млн. нафар мусофирон хизматрасонида шуда, он дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2016 110,1 фоизро ташкил дод.

Дар самти боркашонӣ бошад, тавассути нақлиётҳои бахши хусусӣ 1,9 млн. тонна бор кашонида шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли пешина  119,2 фоизро ташкил медиҳад.

Соҳаи нақлиёти шаҳр дар асоси иҷрои «Барномаи маысадноки давлатии рушди комплекси наылиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» рушд ёфта истода, дар татбиқи он чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Алҳол ҷиҳати бо пуррагӣ ва сифатнок хизмат расонидан ба аҳолӣ бо нақлиёти мусофиркашон Лоиҳаи “Рушди нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд” бо дастгирии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд бо маблағи умумии он 26,8 млн. доллари амрикоӣ татбиқ шуда истода, маблағгузории аввали он соли 2018 оғоз мешардад.