(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дар самти тақвияти иқтидори соҳаи саноати кишвар, теъдоди корхонаҳои истеҳсолии хурду миёнаи шаҳр соли 2018 ба 163 адад расида, он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 8 адад афзудааст.

Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии шаҳр давоми марҳилаи ҳисоботӣ ба миқдори 1132,4 млн. сомонӣ (бо назардошти тақсимоти қувваи барқ ва истеҳсол ва тақсимоти об) маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 120,8 млн. сомонӣ ё 11,9 дар сад афзудааст.

Дар шаҳр 86 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешавад, ки аз онҳо ҳаҷми 63 намуд маҳсулотҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин карда шудааст.

Дар соли ҳисоботӣ аз тарафи 11 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 188,4 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шуда, ҳаҷми он дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 5,2 млн. сомонӣ ё 2,8 дар сад зиёд шудааст.

Инчунин аз ҷониби 54 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 318,9 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 38,2 млн. сомонӣ ё 13,6 фоиз зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ 12 адад корхонаҳои истеҳсолии нав таъсис ёфта, аз ин ҳисоб 296 нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд. Инҳо ҶДММ «Моҳи пурнур», «Ориён пласт 2018», «Маҳсулоти сохтмони нави тоҷик», «Арча мебел», «Давои Сино 70», «Ортекс», «Мақсад 16», «Оби Ватан» «Рушди дўстӣ», корхонаи фаръии «Дўсти Амирхон», корхонаи дўзандагии «Фаррух» ва ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ариана металл пласт” ба ҳисоб рафта, онҳо то имрўз пурмаҳсул фаъолият намуда истодаанд.

Барои рушди бемайлони соҳаи саноат иҷрои Барномаҳои давлатии дар ин самт қабулгардида аҳамияти хоса дошта, иҷроиши нишондиҳандаҳои ин соҳа таҳти назорати доимӣ қарор дорад. «Барномаи коркарди нахи пахта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ин мисол шуда, мувофиқи талаботи он дар давраи ҳисоботӣ 6 корхонаҳои саноатии шаҳр бо коркарди нахи пахта фаъолият намуда истодаанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи ин корхонаҳо ба миқдори 2187,6 тонна нахи пахта коркард карда шудааст.

Дар шаҳр ягона корхонаи коркарди пилла ҶДММ КМ «ВТ Силк» маҳсуб ёфта, дар ин марҳила аз тарафи ин коргоҳ ба маблағи 1,8 млн. сомонӣ сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.

Коргоҳ бо шаҳру ноҳияҳои бо кирмакпарварӣ машғулбудаи вилоят аз ҳосили нави пилла шартнома баста фаъолияташро ба роҳ мондааст. Соли ҷорӣ новобаста аз набудани шартнома тибқи супориши раиси вилояти Суғд корхонаи мазкур аз тарафи корхонаи «Пиллаи Тоҷик» дастгирӣ меёбад.

Дар натиҷаи ба ҶДММ КМ «ВТ Силк» ворид шудани пилла ҳамчун ашёи хоми маҳаллӣ дар навбати худ фаъолияти ҶДММ «Атласи Хуҷанд» ҳам вусъат ёфта истодааст. Самти адрасбофӣ бошад, ҳоло ривоҷу равнақ ёфта, бо талаботи мавҷуда истеҳсол карда шуда истодааст.

Бояд зикр намуд, ки аз тарафи 11 корхонаҳои дўзандагӣ ба маблағи 203,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки он нисбат ба 2017 сол 11,5 фоиз зиёд мебошад. Маҳсулоти истеҳсолшуда ба меъёрҳои стандартӣ мутобиқ буда, онҳо бо ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол карда шуда истодаанд.

Дар шаҳр 5 корхонаҳои коркарди шир, аз ҷумла ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Шоҳшир”, “Комбинати шир”, “Порсои Хуҷанд”, “Пешсаф” ва “М Пак” фаъолият доранд, ки онҳо пурра талаботи шаҳрро қонеъ гардонида, маҳсулоти худро ба дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба фурўш гузошта истодаанд.

Ҳамчун вазифаҳои сархатӣ, дар стратегияи рушди кишвар афзалияти бештар ба рушди соҳаи энергетика дода шудааст.

Дар ин росто, ба роҳ мондани истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ аҳамияти рўзафзун пайдо кардааст.

Дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи маълумоти идораи фурўши барқ аз тарафи шабақаҳои барқи шаҳр ба миқдори 609,2 миллион кВт/соат нерўи барқ интиқол карда шуд. Маблағи пардохти умумии он 135,6 млн. сомонӣ ё 100,6 фоиз, аз ҷумла аз тарафи аҳолӣ 60,7 млн. сомонӣ ё 102,4 фоизро ташкил менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки дар шаҳр истифодабарандагони қувваи барқ бо ҳисобкунакҳои электронӣ пурра таъмин буда, зиёда аз 50,0 ҳазор муштариён (аҳолӣ, корхонаҳои саноатии калону миёна ва хурд) ба системаи ягонаи назоратии биллингӣ пайваст мебошанд. Дар шаҳр нерўгоҳҳои барқӣ вуҷуд надорад. Баъди азнавсозии шабакаҳои барқӣ ва ҷорӣ намудани системаи ҳисоби электронӣ меъёри ҷудошудаи талафот аз рўйи талаботи техникӣ ба эътидол даромадааст.

Барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи барқтаъминкунии шаҳр, давра ба давра иваз намудани шиддати барқ яъне аз 6 Квт ба 10 Квт иваз намудани ҳамаи таҷҳизот ва хатҳои барқии соҳили чапи шаҳр зарурият дорад.