(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Иштироки ҳунармандони тоҷик дар Наврӯзи Шымкент.Санаи 22 марти соли равон  шаҳри Шымкент тантанаи наврӯзӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи тоҷик баргузор гардид.
Дар мавзеи таҷлили наврӯз,ки номи “Наврӯзгоҳ”-ро  дорад  барои тамоми иштирокдорон, сокинон ва меҳмонони маркази маъмурии вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ дар баробари савту таронаҳои устодони санъати Ҷумҳурии Қазоқистон ҳунармандони шинохтаи тоҷик барномаи хосаи наврӯзиро пешкаш намуданд.
Ба иштирокчиёни Иди Наврӯзи бародаршаҳри Хуҷанд,- шаҳри Шымент суруду таронаҳои Насибахон Узоқова, Сироҷиддин Худоймерганов, Сардор Солиев, Мадина Абдуллоҷонова, Аловаддин Бобоҷонзода, Ҳилолиддин Шамсиев, Абдураҳмон Нурматов ва мутрибону раққосагони Тоҷикистон писанд омад ва онҳоро гарму самимӣ пазироӣ намуданд. Санаи 23 март бошад ҳайати намояндагони шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Назирмад Ализода меҳмони чорабинии наврӯзии мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 28 ноҳияи Сариағаши вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ гаштанд.
Дар мактаби мазкур наздик 900 нафар хонандагон бо забони тоҷикӣ таҳсил менамоянд, ки он яке аз 4 мактаби ин минтақа ба ҳисоб меравад, ки таҳсили хонандагон бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст.
Баъди пазироии гарму самимии омӯзгорон ва хонандагон, ҳамчунин тоҷикони муқими ноҳияи мазкур барномаи муштараки ҳунармандони тоҷикистонӣ ва тоҷикони муқими Казоқистон баргузор гардид.
Аз ҷониби Муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода ба роҳбарони мактабҳои тоҷикӣ китобу адабиётҳои тозанашри адибону олимони Тоҷикистон тӯҳфа карда шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон бештар 42 ҳазор тоҷикон кору зиндагӣ менамоянд. Дар 12 мактаб тоҷикон бо забони модариашон таҳсил менамоянд, ки аз ин ҳисоб дар 4 мактаб таълимот пурра ба забони тоҷикӣ аст.