(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ғолибияти Гулина Мардикулова дар озмуни «АРӮСИ НАВРӮЗӢ»-и ҷумҳуриявӣДаври ниҳоии озмуни маърифатӣ-зеҳнии «Арӯси наврӯзӣ» миёни 30 донишҷӯдухтарони муасиссаҳои олии кишвар дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Он бо мақсади тарбияи самарабахши ҷавондухтарон дар рӯҳияи худшиносиву илмгароӣ, одоби оиладорӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯдухтарон, ки ҳунарҳои хуби ҳозирҷавобӣ, кадбонуию рӯзгордорӣ ва маҳорати намоиши арӯси намунавии хонадони солимро доранд, рӯи кор омадааст.
Озмуни мазкур дар робита ба иҷрои банди 25-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагию баргузории ҷашни Наврӯзӣ байналмилалӣ дар шаҳри Турсунзода ((21-22 марти соли 2017) дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.12.2016, №16,/317(26)) ва ҷиҳати татбиқи амалии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 гузаронида шуд. Озмуни маърифатӣ-зеҳнии «Арӯси наврӯзӣ» аз рӯи шартҳои «Соҳибҷамоли наврӯзӣ» - маҳорати иштирокчиён бо пешниҳоди либосҳои миллии арусӣ,  «Орифа» - маҳорати иштирокчиён дар самти ҳозирҷавобӣ,   «Кадбону» - маҳорати духтарон дар самти омода намудани хуриши наврӯзӣ ва  «Соҳибҳунар» - шарти махфӣ буд ва аз ҷониби ҳакамон саволҳо дар доираи одоби муошират, шартҳои асосии оиладорӣ ва ҳунари тозаю озода нигоҳ доштани либосҳо пешниҳод гардид.
Аъзои ҳакамон ба маҳорати донишҷӯдухтарон баҳогузорӣ намуданд. Ҳаминтавр донишҷӯи  курси яки факултети муҳандисӣ- технологӣ, гурӯҳи 50.01.02.тб-и Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Гулина Мардикова маҳорати баланди ҳунарварӣ нишон дода, байни  30 муассисаҳои олии кишвар мақоми сеюмро ба даст овард.
Ба ғолиб дар вазъияти тантанавӣ дипломҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофоти пулӣ аз ҷониби Федератсияи Иттифоқҳои касабаи кишвар супорида шуд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб,
котиби матбуотии ДПДТТ
дар шаҳри Хуҷанд