(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Суруди сарбоз-2017Давраи хизмат ба Ватан барои ҷавонон аз як тараф агар обутоби ҷисмонӣ, ақлониву равонӣ, тасаввурот оид ба майдони набард, ҳаёти аскарӣ дар давраи ҳамсолон бошад, аз тарафи дигар барои бархе ин айём аз ҷиҳати камолёбию маҳорати санъаткорӣ майдони васеъ фароҳам меорад. Агар фаъолияти аскарбачагони Тоҷикистонро дар барномаҳои телевизиону маводи нашрияҳо бинем ва мутолиа намоем, аз маҳорати санъаткории онҳо дар озмунҳои мухталкф моро хабардор месозанд.
Чандин сол аст, ки дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Суруди сарбоз» гузаронида мешавад. Фестивал-озмуни ҳаваскорони санъат байни қисмҳои ҳарбии мавҷуд дар вилояти Суғд доир мегардад ва дар он сарбозон аэ рӯи жанрҳои санъат, аз қабили сурудану навохтани асбобҳои мусиқӣ, иҷрои нақшҳо дар саҳначаҳо маҳорат нишон медиҳанд. Имсол низ ба муносибати 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ дар Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ озмуни мазкур таҳти унвони «Ҳифзи Ватан муқаддас аст» доир шуд.
Он бо дастгирии ҳамаҷонибаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва ташаббусу ибтикори бахши фарҳанг ва иттилооти шаҳр, кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғду шаҳри Хуҷанд, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ва Хонаи маданияти №1-уми шаҳр баргузор шуда, байни тамоми ҷузъу томҳои дивизияи ҳарбии дар вилоятбуда сурат гирифт.
Мақсад аз баргузории фестивал озмун иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои Барномаи давлатии «Тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2016-2010», тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва ташвиқу таблиғи ғояҳои ватандӯстӣ байни сарбозон ва баланд бардоштани ҳолати равонӣ, фаъолияти хизматию ҷангӣ, интизоми ҳарбӣ дар қисмҳо мебошад.
Аскарони қисми низомии 3501 Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, қисми ҳарбии 0235 Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, қисми ҳарбии 03377 Комендатураи ҳарбии гарнизони вилояти Суғд, қисми ҳарбии 051056 Гвардияи миллӣ, қисми ҳарбии 01972 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Факултети 4-уми Академияи ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ва қисми ҳарбии 14356 Вазорати мудофаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тайёрии пухта ба озмун омада, маҳорати баланд нишон доданд.
Ба ҳунарнамоии аскарони қисмҳои ҳарбӣ ҳакамони дорои маълумоти мусиқидошта ва дар соҳаи фарҳанги мусиқӣ фаъолиятдошта баҳо гузошта, беҳтаринҳоро муайян карданд. Раиси ҳакамот директори мактаби маусиқии  бачагонаи №2, Аълочии фарҳанг Нуриддин Каримов, аъзои ҳакамот намояндаи бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд Тӯҳфа Атохӯҷаева, директори мактаби санъати бачагонаи №1 Даврон Ҳомидов, намоянда аз кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Набиҷон Сангинов ва намояндаи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд Абдвосит Ғафуров шартҳои озмун: суруди ҳамсароён (хор) дар васфи модар, ватант, ваҳдат, Тоҷикистон, суруди якка дар мавзӯи озод ва нишон додани саҳначаи ҳаҷвӣ аз ҳаёт ва фаъолияти аскаронро ҷамъбаст карданд.
Дар натиҷа ҷойи сеюмро ба факултаи 4-уми Академияи ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, ҷойи дуюмро ба қисми ҳарбии 051056 Гвардияи миллӣ ва ҷойи аввалро насиби қисми ҳарбии 3501 ҚД ВКД ҶТ дар вилояти Суғд донистанд.
Ба ғолибон Диплом ва тӯҳфаҳои таъсисдодаи Раиси шаҳр, аз ҷумла, телевизори рангаи тамғаи Орвика, маркази мусиқӣ ва чангкашаки тамғаи Орвикаро муовини Раиси шаҳр Солизода тақдим кард. Ҳамчунин, барои иштироки фаъолона чор қисми низомӣ бо қолинҳо сарфароз гардиданд.
Намояндаи кумиҷроияи ҲХДТ дар вилоят Набиҷон Сангинов, мудири бахши фарҳанг ва иттилооти шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Қосимов ва намояндаи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Абдувосит Ғафуров низ сухан карда, барои ғолибони номинатсияҳои зикргашта Сипоснома супурданд.
Озмун нишон дод, ки байни ҷавонони хизматчӣ нафарони аз ҷиҳати фарҳангу санъат камолёфта бисёр будаанд. Ҷавонписарон бо либоси низомӣ дар хондани суруди умумӣ, суруди якка ва иҷрои нақш дар саҳначаҳо моҳир буда, вақтҳои холиву истироҳаташонро хушу хотирмон мегузаронанд.