(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Истироҳати бофароғати хонандагон

Дар мавсими таътили зимистонаи хонандагон толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ба маҳфилу чорабиниҳои гуногун ҷалб гардида, ба осорхонаи вилоятӣ, театри тамошобини наврас ба номи О. Назаров ва театри мусиқию мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ташриф оварда, истироҳати худро хушу хотирмон мегузаронанд.
Аз ҷумла, ҳаррӯз хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр бонавбат ба театр омада, аз барномаи рангини солинавии ҳунармандони ин ду боргоҳи ҳунар баҳравар мегарданд. Ҳамчунин дарназар аст, ки беҳтарин толибилмони шаҳр, ки дар олимпиадаҳо пирӯз гардиданд, истироҳати зимистонаи худро дар фароғатгоҳи «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов гузаронанд. Дар таътили зимистона тибқи нақша-чорабинии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд баргузории маҳфилу чорабиниҳо ва озмунҳои гуногуни фикрӣ ба нақша гирифта шудааст ва хонандагон бо иштирок дар ин чорабиниҳо донишу ҷаҳонбинии хешро васеъ менамоянд.