(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шаффоф, одилона, мушаххас

Ба фаъолият оғоз намудани Маркази тестии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва татбиқи амалии барномаи нави идоракунии раванди таҳсилот – СКАРТ ба таври автоматикунонидашуда раванди таълим ва имтиҳоноти донишҷӯёнро ба танзим даровард. Бо ин мақсад лоиҳаи барномарезии яке аз модулҳои барномаи СКАРТ омода гардида, айни замон қабул ва гузаронидани ҷараёни имтиҳони ниҳоӣ тариқи тестӣ – «онлайн»  ба роҳ монда мешавад. Яке аз афзалияти муҳими низоми тестии марказонидашуда пеш аз ҳама ба роҳ мондани раванди автоматикунонии Соли дуюм аст, ки қабули имтиҳоноти ҷорӣ барои донишҷӯёни шӯъбаи рӯзона ва ғоибонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ  бизнес  ва сиёсати  Тоҷикистон   ба тарзи тестӣ дар Маркази тестии донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Натиҷаҳои имтиҳонот ва беҳдошти вазъи назорати дониши донишҷӯён ба ҳисоб меравад.
Маврид ба ёдоварист, ки барои амалӣ намудани ҷараёни фаъолияти Маркази тестӣ техника ва технологияҳои муосири компютерӣ ва рақамӣ дастраст гардида, барномаҳои компютерии омодасозии базаи тестӣ, коркарди элемент ва маводҳои тестӣ такмил дода шуданд.
Ба таври автоматӣ гузаронидани санҷиши сатҳи маълумотнокии донишҷӯён воқеиятро ҳангоми баҳодиҳии сатҳи дониш таъмин месозад. Ин намуди фаъолият имкон медиҳад, ки дараҷаи азхудкунии барномаҳои таълимӣ аз тарафи донишҷӯ мушаххасу шаффофона муайян карда шудаву баҳогузорӣ гарданд. Тоимрӯз  имтиҳоноти ҷории донишҷӯёни шӯъбаи рӯзона ба интиҳо расида, санҷишҳо дар шӯъбаи ғоибона оғоз хоҳанд ёфт.