(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Гимназияи хусусии «Ганҷ» 10-сола шудДар толори бошукӯҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба муносибати 10-солагии таъсисёбии Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Гимназияи хусусии Ганҷ» бо иштироки меҳмонон, падару модарон ва омӯзгорону шогирдони гимназия чорабинии идона баргузор гардид.
Муассиси гимназия Аълочии маорифи Тоҷикистон Файзуллоҷон Файзиев меҳмонон, устодону шогирдонро хайрамқдам гуфта, ба ин санаи фархунда онҳоро табрик гуфт. Намояндаи раёсати маорифи вилояти Суғд Н. Раҳматов таманниёт ва шодбошиҳои сардори раёсати маорифи вилоятро ба ҷомеаи меҳнатии гимназия баён дошта, ба як қатор омӯзгорони фаъолу эҷодкор ифтихорномаҳо тақдим намуд. Раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи вилояти Суғд М. Мироватов зимни суханронӣ ба муносибати ин санаи фархунда устодону хонандагонро табрик гуфта, ба нишони қадрдонӣ ифтихорнома ва роҳхат ба осоишгоҳои «Шифо»-ро тақдим намуд.
Ҷонишини мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд М. Абдурашидов табрикоти мудири маорифи шаҳри Хуҷандро ба самъи ҷомеаи меҳнатии гимназия расонида, ба як зумра омӯзгорони гимназия ифтихорномаҳои шуъбаи маорифро тақдим кард. Аввалин директори гимназия М. Абдуллозода зимни суханронӣ аз таърихи таъсисёбӣ ва дастоварду комёбиҳои устодону шогирдон ёдовар гардид.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ толибилмони гимназия бо барномаи рангини ҳунарӣ хотири иштирокчиёнро болида гардонданд.