(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Маърифати шаҳрдорӣ ва тафаккури сокинонро баланд бардоремДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси шаҳр Шариф Шарифзода бо раисони Шӯрои занони кумитаҳои маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳо, аъзои шӯрои ҷамъиятии бибиотунҳо ва нозирони минтақавии шуъбаи Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Хуҷанд доир гашт.
Дар он масъалаҳои баланд бардоштани маърифати шаҳрдории сокинон, эътибор ба тарзи либоспӯшии занон, кам кардани сатҳи ҷинояткорӣ, нигаҳдории бонувон аз амалҳои номатлуб, риояи Низомномаи анъанаҳои миллӣ ва ҷашну маросимҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси шаҳр Шариф Шарифзода ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, дар хусуси баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум, ба танзим даромадани анъана ва ҷашну маросимҳо, дар ҷомеа пайдо гаштани равияҳои номатлуб ва афзудани тақлидкориҳо байни бонувон дар самти либоспӯшӣ сухан ронд. ӯ дастур дод, ки бо ҳамҷоягии фаъолон ба ин масъалаҳо хотима бахшида шавад. Раиси Шӯрои ҷамъиятии бибиотунҳои шаҳр Мастура Темурова аз фаъолияти панҷсолаи шӯро ҳарф зада, зикр дошт, ки бибиотунҳо сиёсати имрӯзаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳар вохӯрӣ бо  мардум мефаҳмонанд, дур гаштан аз бегонапарастиро талқин мекунанд ва баҳри солимии ҷомеа корҳои тарғиботию ташвиқотӣ мебаранд.
Мудири бахши кор бо дин  ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Мӯҳсин Миркамолов дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ба роҳ монда шудани фаъолияти бахш, корҳои анҷомдодашуда бобати камхарҷ гузаронидани тӯю маросимҳо, дар рӯзҳои намози ҷумъа ба намозгузорон фаҳмонидани фармудаҳои дини мубини ислом ва мақсаду мароми ҳизбҳои ғайриқонунӣ маълумот додани имомхатибон ҳарф зад.
Имом хатиби Масҷиди ҷомеаи Шайх Маслиҳатдин ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода дар боби тарғиби либоси миллӣ, эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ ва аҳли ҷамъият, одобу ахлоқ ва доир ба масъалаҳои худкушӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, роҳҳои устуворгардонии оилаҳо суханҳои арзишманд баён кард.
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД шаҳри Хуҷанд Муҳайё Дадабоева бошад, аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боби баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, амалишавии Барномаҳои давлатӣ, ташкили мизи мудаввар, вохӯрию сӯҳбатҳо дар хусуси мустаҳкам намудани оилаҳо, баргардонии  занон аз амалҳои номатлуб, ҷалби бонувон ба ҳунаромӯзӣ, талқини занон ба тарзи ҳаёти солим сухан гуфт.
Раиси шаҳр Шариф Шарифзода дар ҷамъбасти чорабинӣ дар хусуси баланд бардоштани маърифати занон, дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбия дар оила, ҷалби бонувон ба омӯзиши касбу ҳунар, эътибор додан ба тарбияи дурусти фарзанд, ҳамзамон бо илмҳои ҳуқуқию равонӣ мусаллаҳ намудани аъзои шӯрои ташкилоти ҷамъиятии бибиотунҳо масъулинро вазифадор намуд ва як гурӯҳ фаъолонро барои хизматҳои шоистаашон дар пешбурди кори Шӯро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ кард.