(0 овоз, миёна 0 аз 5)

“Ганҷи сухан” дар китобхонаи вилоятӣНишасти 144-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, бо намоиши бошукӯҳи китобиву матбуотӣ, дирӯз дар толори  Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бо иштироки чамъи зиёди  олимону адибон, мухлисони каломи бадеъ баргузор гардид. Масъули маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов зикр намуд, ки ин навбат маҳфил ба истиқболи 100-солагии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ бахшида мешавад. Дар оғоз бо сухани муқаддимавии намояндаи Мақомоти иљроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тӯтинисо Дадобоева маърӯза намуда, салому паёми Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба ҳозирин расонид.
Оид ба навгониҳои иливу адабӣ ва фарҳангӣ сармуаллими кафедраи адабиёти классикии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Сорбон Азизов баромад намуда, китобҳои тозанашри давоми як моҳи нашр шударо муаррифӣ намуд. Таҳти мавзӯи “ Китобхона- ганҷинаи илму хирад” директори Китобхонаи вилоятии омавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ  номзади илмҳои филология,дотсент Баҳром Мирсаидов маърӯзаи мӯҷаз ва пурмазмунеро ироа намуд, ки аз таърихи бою рангини китобхона ҳикоят мекард. Аз баромади  Баҳром Мирсаидов  маълум гардид, ки давоми 100 сол китобхонаи Тошхоҷа Асирӣ ҳамешгӣ рисолати хешро дар назди ҷомеа адо карда меояд ва ҳамешагӣ дар мақоми баланд ва эҳтироми мардум қарор дорад.
Ин дафъа дар маҳфил адибони номвар сармуҳаррири маҷаллаи “Садои шарқ” Рустами Ваҳҳоб ва шоиру мунаққид Давлати Раҳмониён аз маркази кишвар шаҳри Душанбе ширкат доштанд. Рустами Ваҳҳоб дар суханронии худ аз асосгузори маҳфил шодравон Абдулманнони Насриддин ёд карда зикр намуд, ки мавҷудияти маҳфили “Ганҷи сухан” аз эҳтирому посдории каломи бадеъ, сухан ва суханвар дарак медиҳад. Рустами Ваҳҳоб силсилаи ашъори нави хешро баҳри ҳозирин қироат намуда , ду китоби нави хешро эҳдо кард. Давлати Раҳмониён низ бо ашъори дилангезаш хотири ҳозиринро шод кард. Сипас дар мавзӯи “ Назаре ба девони ашъори тоҷикии Амир Умархон мутахассиси шӯъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ Нурихон Охунҷонова баромад намуда,таваҷӯҳи ҳозиринро ба ҳунар ва истеъдоди ин шоири зуллисонайн ҷалб кард.
Раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шоири Халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон  Раҳматзод оид ба ҷамбасти курсконфронси адибони ҷавон, ки таи чанд рӯз дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид изҳори назар кард ва оид ба шеъру шоир андешаҳои ҷолиб баён намуд. Ба андешаи ӯ ба ояндаи адабиёт метавон умеди калон баст зеро ҷавонони соҳибқалам кам нестанд. Дар бахши шеърборон шоирон Абдуҷаббори Суруш ва Адиба аз ашъори худ  ва донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров аз ғазалҳои адибони классик намунаҳо қироат карданд. Сарояндаи хушнаво аз ансамбли “Нури Хуҷанд” Муҳаммадҷон Мирниёзов бо суруду оҳангҳои дилангез ба маҳфил таровати дигар ато кард.