(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мусобиқаи шоҳмот байни сокинони шаҳр баргузор гардид.Тибқи нақша чорабинии Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойхонаи «Сирдарё»-и марказт вилоят мусобиқаи шаҳрӣ оид ба шоҳмот байни сокинони маҳаллаҳои шаҳр баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур беш аз 40 нафар дӯстдороин ин намуди варзиш иштирок намуданд.
Бозии мазкур, ки аз ҷониби Кумитаи Иттифоқҳои касабаи кормандони саноати маъдан ва металлургияи вилояти Суғд дастгирӣ ёфта барои ҳавасманд намудани тӯҳфаи хотиравӣ ва Диплом таъсис дода шуд.
Аз рӯи натиҷаҳои ба даст омада ҷойи аввал ба Абдувосиди Рамазонӣ, ҷойи дуюм бошад насиби Абдуқаҳҳор Ёқубов ва ҷойи сеюмро бошад Қадриддин Каримов соҳиб гардид. Ғолибони мусобиқа аз тарафи сарпарастон бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда шуданд.