(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷавонон дар маъракаи ниҳолшинонӣ саҳмгузор ҳастанд.Санаи 21 феврали соли 2015 дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва Фармоиши Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2015 № 6, Дар доираи Амалиёти умумиҷумҳуриявии 100 рӯзи ниҳолшинонӣ зери унвони «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!» ва бо мақсади ободу зебо гардонидани шаҳри Хуҷанд то ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ дар Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии бачагон ва наврасони №2»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёда аз 60 нафар варзишгарон мураббиён ва ҷавонони фаъол маъракаи ниҳолшинонӣ ва корҳои ободонӣ баргузор гардид, ки дар он 500 дона тухми лола ва 70 дона дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шуд.