(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раҷаббой Аҳмадзода бо интихобкунандагон вохӯрд.

Имрӯз дар асоси чорабиниҳои пешазинтихоботии номзад ба вакилони мардуми дар мақомоти намояндагии марказию маҳаллӣ дар мактаби таҳсилоти умумии № 16 вохӯрии интихобкунандагон бо номзадҳои худ баргузор гардид.
Вохӯриро раиси ҳавзаи интихоботӣ Мақсуд Иномҷонов ифтитоҳ намуда, суханро ба номзад ба вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи № 13 Гулбаҳор Турсунова дод.
Номзад доири барномаи пеазинтихоботии худ ба ҳозирон маълумот дода, изҳори умедворӣ намуд, ки интихобкунандагон санаи 1 март дар ин чорабинии сиёсӣ иштироки фаъолна хоҳанд кард.
Сипас навбати сухан ба номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз хавзаи интихоботии № 5, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дода шуд. Раҷаббой Аҳмадзода барномаи худро, ки иборат аз 18 нуктаи асосӣ иборат аст, назди ҳозирон муаррифӣ намуд.
Номбурда қайд намуд, ки ҳадафи асосии ӯ чун намояндаи мардум дар маҷлиси вилоятӣ пеш аз ҳама ҳалли масъалаҳои муҳими шаҳрдорӣ аз қабили, идома додани корҳои ободонӣ, таъмин  намудани сокинон бо ҷойҳои нави корӣ, дастгирии корхонаҳои хурду миёна ва соҳибкорӣ, ҳамчунин таъмири роҳҳои асосӣ ва кӯчаи шаҳр, таъмини кӯдакон бо бағчаӣ бачгона буда барои сари вақт баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон кӯшиш хоҳад кард.
Сокинон-интихобкунандагони дар вохӯрӣ иштирок дошта, эътимоду боварии худро ба номзадҳои арзанда изҳор намуда, таъкид намуданд, ки иштироку интихоби онҳо ба тарафдории ин номзадхо хоҳад буд.