(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Маблағи таваққуфгоҳҳои шаҳр бо корти пластикӣ.Тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода минбаъд пардохти маблағи таваққуфгоҳҳо дар маркази вилоят тариқи корти пластикӣ сурат мегирад. Пешбинӣ гаштааст, ки бо ин мақсад дар таваққуфгоҳҳое, ки марказҳои савдои мавзеи «Панҷшанбе» ҷойгиранд, нахустин воситаҳои техникии махсус насб карда мешаванд.
Ҳадаф аз роҳандозӣ шудани ин тадбир мутамарказонидани сарчашмаи даромад аз ин ҳисоб ва таъмини шаффофияти воридоти маблағҳои аз ин ҳисоб ҷамшаванда аст.
Тибқи қарори шаҳрдорӣ маблағҳои ба суратҳисоби буҷаи маҳаллӣ воридшуда барои таъмири роҳҳои шаҳр сафр карда хоҳад шуд. Насби воситаҳои техникӣ дар тамоми таваққуфгоҳҳои шаҳри Хуҷанд пешбинӣ гаштааст.