(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Боздиди Раиси шаҳри Хуҷанд аз мавзеи «Панҷшанбе»Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода субҳи имрӯз аз натиҷаи корҳои сохтмонӣ ва барқароркунии марказҳои савдои шаҳр, ки дар интиҳои соли гузашта аз сӯхтор зарар дида буданд дидан намуд.
Ҳангоми шиносоӣ Раиси шаҳри Хуҷанд аз корҳои барқарор ва азнавсозии марказхои савдои «Барфак», «Баҳор», «Тоҷир» дидан намуда, бо сатҳи риояи талаботҳои сохтмонӣ, меъморӣ, зидди сӯхтор ва уствории бунёди он таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.
Нисбати корҳои сохтмонии нотамоми маркази савдои «Тоҷир» эрод гирифта дастур дод,ки то интиҳои ҳафта бояд соҳибкорон фаъолияти худро дар тамоми марказҳои номбурда идома диҳанд.
Аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд доири сафолакпӯш намудани роҳравҳо, ба тартиб даровардани овезаҳои рекламавӣ, қатъиян риоя намудани талаботи савдо дар дохили нуқтаҳои муқарраргашта супориш дода шуд. Ба масъулони  шӯъбаи савдо ва иқтисод  супориш дода шуд,ки барои ҳарчӣ тезтар ва комилан роҳандозии фаъолият ба роҳбарияти ин марказҳо кӯмак расонанд.
Бо мақсади нигоҳ доштани нархи мунтазам ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти аввалаи ғизо дар майдони «Регистон»-шаҳр нуқтаҳои иловагии сайёри фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст.
Ба Раиси шаҳр иттилоъ дода шуд,ки асосан ин нуктаҳо ба харидорон ордро бо нарҳои нисбати бозор то 10 фоиз арзон  пешкаш намуда истодаанд.
Раҷаббой Аҳмадзода барои нигоҳ доштани ҳолати муқаррари мавзеҳои атрофи бозори «Панҷшанбе» ва ба тартиб даровардани онҳо бо гурӯҳи фурӯшандагони ниҳолҳои сояафкан ва мевадор мулоқот намуд.
Маълум гашт,ки бо мақсади ҷалби бештари харидорон фурӯшгоҳи ниҳолҳо дар майдони «Регистон» бе иҷозат ва мувофиқаи мақомоти дахлдор дар ин мавзеи таърихии шаҳр муқаррар гаштааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд аз фурӯшандагон даъват намуд, ки бозори ниҳолҳо бояд ба ҷойи дигар кӯчонда шавад, зеро дар мавзеи таърихӣ ташкили чунин бозор ба ҳусну талаботи шаҳрдорӣ мувофиқ нест.
Баъди пешниҳод ва шиносоӣ бо чанд имкониятҳои мавҷудаи ташкили бозори ниҳолҳо, фурӯшандагон таклифи аз майдони «Регистон» баровардани ин фурӯшгоҳро қабул намуданд.
Дар мавриди ташкил ва муқаррар гардидани макони бозори фурӯши ниҳолҳо дар ҳудуди бозори ба номи «20 солагии истиқлолияти Тоҷикистон» ва «Панҷшанбе» мувофиқа ҳосил гардид.
Ба роҳбарияти бозорҳои нобурда барои ташкили тамоми шароиту имкониятҳои ташкили бозори ниҳол супориш дода шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин аз нархи маҳсулоти бозори марказии «Панҷшанбе» ошно шуда, бо фурӯшандагон ва соҳибкорони бозори номбурда сӯҳбати озоду ошкоро намуд. Ҳангоми сӯҳбат Раиси шаҳр таъкид намуд, ки имрӯз бо шарофати сиёсати одилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷиктстон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкории хурду миёна рушд мекунад. Дар навбати худ соҳибкорон бояд барои таъмини дастрасии тамоми қишрҳои ҷомеъа ба маводи аввалаи ғизо, меъёрҳои савдо, нарх, рақобат ва сифати маҳсулотро пурра риоя намоянд.
Раиси шаҳр нисбати нархи биринҷ, равған, картошка, нон, маҳсулоти полезӣ таваҷҷӯҳ намуда, таъкид дошт, ки роҳбарияти бозор бояд ҳадди ниҳоии нарҳои маҳсулоти номбурдаро зери назорати худ гирад.
Дар интиҳо бо иштироки гурӯҳи корӣ Раиси шаҳри Хуҷанд натиҷаи боздиди худро ҷамбаст намуда, нисбати андешидани чораҳои дахлдор барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта аз қабили ивази шиору овезаҳои кӯҳна, риояи тартиби ҳаракат ва таваққуфи нақлиётҳои шахсӣ ва ҷамъиятӣ дар ин мавзеъ ва дигар масалаҳои ҳалталаб супориш дод.