(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Шахсони муроҷиатнамуда мушкилоти худро ҳал менамоянд.Имрӯз тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доир гашт.
Давоми нимаи аввали рӯз ба Раиси шаҳри Хуҷанд наздик 60 нафар бошандагони маркази вилоятро  доири ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, мусоидат барои дастрасӣ ба доруворӣ ва табобату ҷарроҳии ройгон, баҳси оилавӣ, таъмини муваққатӣ ба хобгоҳ, барои ба навбати гирифтани сафари ҳаҷ ва ғайра муроҷиат намуданд.
Ҳамчунин сокини шаҳри Хуҷанд Шарифҷон Баротов, ки маблағи таҳсилаш дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд давоми чаҳор сол инҷониб пардохта мешавад муроҷиат намуд. Номбурда бинобар надоштани имконияти кофии иҷтимоӣ дар оғози таҳсилаш аз Раиси шаҳри Хуҷанд пардохти маблағи таҳсилашро хоҳиш намуда буд. Ҳамчунин барои беҳтар намудани имконияти биноии чанд мартиба чашмашро ҷарроҳи намудааст. То ҳол бинобар доштани иллати чашм гурӯҳи маюбӣ дорад. Шарифҷон Баротов барои дастгирӣ ва ғамхорӣ ба Раҷаббой Аҳмадзода изҳори миннатдорӣ намуда, иттилоъ дод, ки дар оғози соли равон дар озмуни байналхалқӣ байни донишҷӯёни иллати биноӣ дошта  дар давлати Ҷопон иштирок намуда, иншои бо забони англисӣ навиштааш дар мавзӯи «Бозори маҳсулот барои ҷавонони қувваи босираашон суст» ҷойи сеюм ва мукофотпулиро сазовор гардид.
«Ин дастгирӣ ва тавҷҷӯҳ пеш аз ҳама тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Мо роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ ҳамеша барои дастгирии шахсони ниёзманд ва лаёқатманд омода ҳастем» иброз дошт Раҷаббой Аҳмадзода.