(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд бо соҳибкорони чинӣ.Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Мачлиси Олӣ дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ чун яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар зикр гардидааст. Фазои инвестсионии вилояти Суғд аз ҷумла шаҳри Хуҷанд барои ҷалби сармоягузорӣ беҳтару бештар мусоид мегардад.
Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода президенти Ширкати инвестсионии Гонконги Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби МА ва менеҷери ширкат дар Ҷумҳурии Қазоқистон Сергей Барановро қабул намуд.
Дар рафти сӯхбат доири чанд лоиҳаи сармоягузорӣ, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ ва пешниҳод қарор дорад ба меҳмонон маълумот дода шуд. Соҳибкорони чинӣ мавриди лоиҳаи беҳтар намудани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар маркази вилоят, таъсиси ширкати коркарди партовҳои маишӣ дар минтақаи шимолу-ғарбӣ, таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли шарбати мева ва чанде дигар таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, изҳори боварӣ намуданд, ки ин пешниҳод мавриди омӯзиши онҳо қарор хоҳад гирифт.