(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд бо саноатчиён

Дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон, таъмини ҷойҳои кории нав саҳми корхонаҳои саноатӣ назаррас аст.
Бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар соли гузашта ва муайян намудани нақшаи дурнамо барои соли равон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбарони корхонаҳои саноатии маркази вилоят мулоқот намуд.
Дар оғоз Раҷаббой Аҳмадзода аз натиҷаҳои фаъолияти саноатчиёни шаҳр сухан гуфта, таъкид намуд, ки ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо 490 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати соли 2013 21,6% ё ба маблағи 87 миллион сомонӣ зиёд аст.
«Лекин имрӯз таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки захираю имкониятҳои коргоҳҳо ҳанӯз пурра истифода нашудаанд. Корхонаҳои пойафзолбарорӣ, мебелбарорӣ, комбинати коркарди маҳсулоти шир, коргоҳи «Хуҷандторгмаш», Комбинати нонпазии шаҳр,воқеъ дар минтақаи саноатӣ, коргоҳи «Кабоол-тоҷик текстайлз» аз қабили корхонаҳоянд, ки бояд имсол фаъолияти мукаммали худро ба роҳ монанд. Маҳз дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки танҳо соли гузашта дар шаҳр 46 корхонаҳои нав ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дар асоси дастуру супоришҳои сарвари давлат барои ташкили корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ ҷудо намудани замин, ба қайд гирифтани ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ягон масъул ва ё сохторҳои дахлдор набояд муаммо эҷод намоянд. Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ин масъаларо зери назорати қатъии худ қарор дорад.»- қайд намуд Раиси шаҳри Хуҷанд.
Дар мавриди захираҳои инсонӣ бошад илова гардид, ки то имрӯз зиёда аз 4 ҳазор нафар сокинони Хуҷанд аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштанд, ки барои бо мутахассисон ва бо қувваи корӣ таъмин гаштани корхонаҳои наву мавҷуда мусоидат менамояд.
Ба Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби сардори идораи шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд Набиҷон Иброҳимзода маълумот дода шуд, ки 30% истифодаи барқ аз талаботи ҳамарӯзаи маркази вилоят ба коргоҳҳои саноатӣ рост омада, дар ҳолати имрӯза таъминоти барқи ин корхонаҳо мунтазам сурат мегирад. Дар навбати худ аз ҷониби онҳо сари вақт маблағи истифодаи неруи барқ пардохта мешавад. Ба нозироти андоз ва идораи омор Раиси шаҳри Хуҷанд дастур дод, ки барои сари вақт пешниҳод намудани маълумоти ҳисоботӣ ва пардохти саривақтии андозҳои мавҷуда ҳамкорӣ ва кӯмак намоянд.
Бо маълумоту таҳлили натиҷаҳои соли 2014 муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов дар назди ҳозирон баромад намуд.
Таъкид гардид, ки соли гузашта ҳиссаи соҳаи саноат дар қисми даромади буҷети давлатӣ назаррас буда, ҳаҷми маҳсулоти содиротии шаҳр бошад 107,3 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки он тамоюли афзоишро дорад.
Дар интиҳои ҷаласа аз ҷониби 154 корхонаҳои саноатии шаҳр ӯҳдадории истеҳсолӣ барои соли 2015 қабул гардид, ки нисбати соли гузашта 196 миллион сомонӣ зиёд буда, дар маҷмӯъ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатчиёни шаҳри Хуҷанд ба 686 миллион сомонӣ баробар хоҳад буд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар интиҳои мулоқот ба роҳбарони корхонаҳо барои саҳми арзандаашон дар пешрафту ободии шаҳри Хуҷанд изҳори сипосмандӣ намуд.