(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Умри бобаракати инсонДар театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ 70 солагии як нафар фидоии имл, профессор ва чандин унвонҳои баланд Усмонҷон Fаффоров баргузор гардид.
Дар он дӯстону пайвандон, шогирдони Усмонҷон Fаффоров ва алоқамандони илму маърифат иштирок доштанд. Нахуст муовини Раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов ба сухан баромада, аз дастовардҳои баланди соҳибҷашн гуфт. Қайд кард, ки эшон аз давраҳои ҷавонӣ ба илму фарҳанг, махсусан ба таърих аҳамияти хоса дода, сипас, барои равнақ додани он кeшиш ба харҷ додааст. Ин буд, ки тайи ин солҳо Усмонҷон Fаффоров 70 китоб ва зиёда аз 700 мақолаҳои илмиву оммавӣ навишта, баҳри рушди фарҳангу маданият ва илми Тоҷикистон саҳми босазое гузоштааст.
Зимни суханрониаш Ҷумъабой Сангинов ба соҳибҷашн ҷомаву тоқии анъанавӣ ва мукофотҳои Раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро тақдим кард. Инчунин, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова низ сухани табрикӣ гуфта, Усмонҷон Fаффоровро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳолкимияти давлатии шаҳр ва шахсан аз номи Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода муборакбод кард. Дар вазъияти тантанавӣ ба Усмонҷон Fаффоров унвони ифтихории Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷандро супурд.
Ҳамин тавр, устодону шогирдон ва пайвандони соҳибҷашн як-як сухан карда, аз корҳои анҷомдодаи эшон дар соҳаи илми тоҷик ва аз ҳамкорӣ бо ин марди наҷиб нақл карданд.
Барномаи рангини ҳофизон ва раққосагон анҷомбахши ин тантанаи бошукeҳ буд.