(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

46 нафар ба Раиси шаҳр муроҷиат кардандМувофиқи дастуру супориши президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳар ҳафта рӯзи шанбе раисони шаҳру навоҳӣ арзу шикояти шаҳрвандонро мешунаванд ва барои қонеъ гардонидани онҳо тадбир меҷӯянд. Дар ин замина Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода низ ҳар ҳафта ба арзу шикояти шаҳрвандон гӯш дода, баҳри ҳарчӣ бештар амалӣ шудани хоҳиши сокинон ба масъулин супоришҳои қатъӣ медиҳад.
Ин дафъа 46 нафар аз сокинон ба Раиси шаҳр оид ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, сафари ҳаҷ, харидани дору барои барқарор намудани саломатӣ, сохтмонҳои uайриқонунӣ, бо манзили муваққатӣ таъмин намудан, чопи китоб, баҳси ҷудо намудани ҳавлӣ ва дигар масъалаҳо муроҷиат карданд. Раҷаббой Аҳмадзода ҳамаи дархости шаҳрвандонро гӯш карда, баҳри тезтар амалӣ шудани хоҳиши онҳо, роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо ва мусоидат баҳри зиндагии шоиста ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод. Аз онҳо талаб намуд, ки ҳар як хоҳиши шаҳрвандонро аз рӯи қонун дида баромада, баҳри татбиқи қонунии он чораҳои саривақтӣ андешанд.