(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд бо нозирони интихобот.

Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳайъати нозирони дарозмуддати Созмони амният ва ҳамкории Аврупо Ларс Полсен, Пол Уессон, Апалония Вершур ва Ёрген Беклундро, ки бо мақсади назорат аз рафти маъракаи интихоботи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.
Фаъолияти асосии нозирон аз назорати тамоми равандҳои интихобот дар ҳавзаи № 13-и шаҳри Хуҷанд буда, то имрӯз 14 нафар аз нозирони ин созмон ба Тоҷикистон омадаанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро ба шаҳри Хуҷанд хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки имрӯз мақомоти маҳаллӣ тамоми шароитҳои мавҷударо дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар фароҳам овардааст. Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд 98720 нафар интихобкунандагон ба қайд гирифта шуда, барои дар сатҳи лозима баргузор намудани интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ низ корҳои омодагӣ идома доранд.
Меҳмонон дар навбати худ барои пазироӣ ба Раиси шаҳри Хуҷанд изҳори сипосмандӣ намуда, изҳори умедворӣ намуданд, ки хамкории онҳо баҳри таҳкими принсипҳои интихобот мусоидат хоҳад кард.
Лозим ба ёдоварист, ки то охири ҳафтаи ҷорӣ 16 нафари дигар ба ин ҳайъат ҳамроҳ шуда, дар вилояти Суғд дар ду гурӯҳ фаъолияти назоратӣ хоҳанд бурд.