(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Корҳои ободонӣ дар шоҳроҳи нав оғоз гардид.

Дар шаҳри Хуҷанд новобаста аз сардшавии ҳаво корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ идома дорад. Рӯзи шанбеи гузашта зиёда аз 300 нафар кормандони хоҷагию коммуналӣ, идораи махсуси партовкашонӣ, хоҷагии кабудизоркунӣ, КВДК «Хуҷандобуканал», идораи истифодабарандагони манзили соҳили  рост ба шанбегӣ баромаданд.
Дар шанбегӣ ҳашарчиён зиёда аз 400 бех ниҳоли ҳамешасабзи навъи «Ардач»- ро дар қади шоҳроҳи «Автомагистральная» шинонда ҷӯйборҳоро ба тартиб дароварданд.
Лозим ба ёдоварист, ки тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода барои таъмиру азнавсозии шоҳроҳи мазкур ситоди корӣ таъсис дода шуда, тибқи нақшаи омоданамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд то таҷлили Иди Наврӯз қисмати асосии корҳои тахту ҳамвор намудани ин шоҳроҳ ва насби сутунпояҳои чароғҳои равшанидиҳанда бояд ба анҷом расонда шавад.