(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд иваз шуданд.Дар ҳайати роҳбарикунандаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тағироти кадрӣ ба амал омад.
Бинобар ба кори дигар гузаштан муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд Дадоҷон Абдуллоев ва Маҳмадӣ Давлатов аз вазифа озод карда шуданд.
Дар маҷлиси кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони маҳаллаҳо ва фаъолони шаҳри Хуҷанд, ки таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода гузашт, мудири шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Абдумавлон Дадобоев иттилоъ дод, ки дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи19 январи соли равон Маъруф Тӯхтабоевич Мамадҷонов ва Мирзомуқим Очилзода барои ишғоли вазифаи муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд ризогӣ дода шудааст. Дар ҳамин замина бо қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода шахсони номбурда ба вазифаи муовинони Раиси шаҳри Хучанд таъин гардиданд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба Маъруф Мамадҷонов ва Мирзомуқим Очилзода барои кор орзу намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки ҳар кадоми дар соҳаи худ фаъолияти пурсамар намуда баҳри амалишавии тамоми дастуру супоришҳои давлату ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Дар баробари ин Раиси шаҳри Хуҷанд маълумот дод, ки минбаъд тибқи тақсимоти вазифавӣ ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёт, саноат ва энергетика ба салоҳияти муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷандл Иброҳим Иброҳимов вогузор шуда, ба салоҳияти муовини Раиси шаҳр Мирзомуқим Очилзода иловатан назорати соҳаҳои хоҷагию коммуналӣ, ободонӣ ва кумтиаҳои маҳаллаҳоро ворид карда шудааст. Сохторҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ минбаъд фаъолияти худро бо муовини Раиси шаҳр Умеда Муродова ҳамоҳанг хоҳанд кард.