(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар арафаи Наврӯз сарҳадбонон соҳиби хобгоҳ мешаванд.Соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз намудани чанд иншоотҳои наву замонавӣ пешбинӣ гаштааст.
Аз ҷумлаи яке аз ин иншоотҳо хобгоҳи нав барои афсарони қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадиии марзбонони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мебошад.
Бо мақсади шиносоии бо корҳои сохтмонӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба мавзеи хобгоҳи оянда омаданд.
Айни замон қисмати асосии корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида корҳои пардозгарӣ ва рангубордиҳӣ шурӯъ шудааст.
Сохтмони иншооти мазкур дар нимаи дуюми соли сипаригашта оғоз шуда, дар арафаи таҷлили Иди Наврӯз  ба истифода дода мешавад.
Хобгоҳи мазкур аз се ошёна иборат буда барои 200 нафар хизматчиёни ҳарбии қисмҳои низомии сарҳадбонон пешбинӣ шудааст. Тибқи лоиҳаи иншооти мазкур ба маблағи 5 миллиону 260 ҳазор сомонӣ сохта шуда барои афсарон  тамоми шаритҳо фароҳам оварда хоҳад шуд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ барои ободу зебо ва гулзорр намудани атрофии хобгоҳ дастуру супоришҳо дод.