(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳр ба қудакони ятиму ниёзманд китоби тозанашрро тӯҳфа кард.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода толибилмони синфҳои ибтидоии мактабҳои шаҳри Хуҷанд, ки ятим ва ё аз оилаи ниёзманд маҳсуб меёбанд, бо соли нави мелодӣ табрик намуд.
«Шумо фарзандони азиз ҳамеша таҳти ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастед. Бинобар он имрӯзу ҳамеша Шумо тамоми имконият ва шароитҳоро барои таҳсил, ба камол расидан ва соҳибкасб шудан хоҳед дошт.»
Баъди суханони табрикӣ Раиси шаҳри Хуҷанд ба ҳамаи 200 нафар наврасони ҳузурдошта тӯҳфаҳои солинавӣ ва китобҳои тозанашри кӯдакона «Шоҳпаланг» ва «Тути кал»-ро тӯҳфа намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки китобҳои номбурда ба қалами нависанда Муҳаммад Субҳон таалуқ дошта бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо теъдоди ҳазор нусха аз чоп баромадааст. Бо ташаббуси Раиси шаҳри Хуҷанд китбҳои зикргардида дар арафаи соли ба кӯдакону наврасони оилаҳои ниёзманд ва ятиму бепарастор ройгон чун тӯҳфаи солинавӣ тақдим карда мешавад.