(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи шоҳмот байни собиқадорон баргузор гардид.Бо ташаббуси Хонаи маданияти № 2 шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шоҳмот байни собиқадорони меҳнати маҳаллаи 34-уми шаҳр, баргузор гардид.
Дар он 12 нафар аъзоёни маҳфили «Дӯсторони шоҳмот»,ки дар назди Хонаи маданияти № 2 амал мекунад, иштирок намуданд.
Дар оғози мусобиқа мудири бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ Бахтиёр Исматҷонов ба аъзоёни маҳфил ва иштирокдорони мусобиқа муваффақият хоста таъкид намуд,ки тибқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода минбаъ низ фаъолияти маҳфилҳои гуногун, аз ҷумла фаъолияти чунин маҳфилҳое,ки дар маҳаллаҳо бо ташаббуси худи сокинон амал мекунад ҳамаҷониба дастгирӣ карда мешавад. Мусобиқаи мазкур аз рӯи низоми «Даврӣ» гузаронида шуда, таҳти кӯмаки методии мураббиёну мутахассисони мактаби варзишии № 2 шаҳри Хуҷанд сурат гирифт.
Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа ҷойи якумро аъзои маҳфили шоҳмотбозони Хонаи маданияти № 2 Бахтиёр Шукуров, ҷойи дуюмро собиқадори меҳнат Муҳаммадсобир Юлдошев ва ҷойи сеюмро бошад сокини маҳаллаи мазкур Фатҳулло Охунов сазовор шуданд.
Барои ғолибон Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ ва барои иштирокчиёни фаъол бошад, Ифтихорномаи Хонаи маданияти № 2 супорида шуд.