(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷавонону варзишгарон дар ободонии шаҳр саҳм гузоштанд.Тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода имрӯз дар шаҳри Хуҷанд шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд.
Корхонаю муассисаҳои гуногун дар варзишгоҳи «Лочин», боғи «20 солагии Ғалаба» мавзеи фароғатию варзишии назди «Кӯпруки Ҷашнӣ» ва дигар мавзеи шаҳр муташаккилона ба шанбегӣ баромада барои ба тартиб даровардани мавзеҳои номбурда ва аз партов тоза намудани онҳо майдону гулгаштҳо саҳм гирифтанд.
Зиёда аз ҳазор нафар ҳашарчиён,ки аз ҳисоби ҷавонон варзишгарон муҳассилини синфҳои болоии мактабҳои шаҳр, кормандони ташкилотҳои дар минтақаҳои зикргардида ҷойгир шуда иборат буданд, барои беҳтар намудани намуди зоҳирии шаҳр иштироки фаъолона намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки шанбегии мазкур дар идомаи корҳои ободонӣ ва маъракаи ниҳолшинонӣ сурат мегирад, ки дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд пешбинӣ шудааст.