(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Кори комиссияи даъвати тирамоҳӣ натиҷагирӣ шуд.Бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи ҷамбастии комиссияи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши Миллӣ баргузор гардид.
Дар оғоз Раиси комиссияи даъват, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов доири фаъолияти комиссияи мазкур маълумот дода, фаъолияти пурсамари нозирони минтақавии Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, раисони кумитаҳои маҳаллаҳои «Бофанда», «Раззоқ», «Хуҷанд», чун намунаи ибрат боҳогузорӣ намуд.
Ҳамчунин қайд гардид,ки дар сурати фаъолияти натиҷабахши мутасаддиёни дигар маҳаллаҳо имкон буд нақшаи даъватро боз ҳам пештар иҷро намудан мумкин буд.
Мавсуф аз роҳбарияти маҳаллаҳои боқимондаро даъват намуд, ки барои мавсими даъвати соли оянда аз марҳилаи имрӯза оғоз намоянд. Барои ин дар самт беҳтар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни ҷавонони синни даъватӣ ва волидайни онҳо яе аз масалаҳои муҳим арзёбӣ гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд барои фаъолияти пурсамар ба аъзоёни комиссияи даъват,- табибон,масъулини комиссариати ҳарбии шаҳр,кормандони шӯъбаи корҳои дохила, муассисаҳои таълимӣ сипосмандӣ намуд.
Ба аъзоёни фаъоли комиссияи даъват ва роҳбарони кумитаҳои маҳаллаҳо аз ҷониби Раҷаббой Аҳмадзода тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.