(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд маъракаи ниҳолшинонӣ идома дорад.Имрӯз роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохтории Мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд,Сарраёсати ободонӣ хоҷагию манзилӣ  ва коммуналии шаҳр дар назди кӯпруки «Ҷашнӣ», хиёбонҳои «Сирдарё» ва ба номи Раҳим Ҷалил дар маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ иштирок намуда, кулли сокинони маркази вилоятро даъват намуд, ки дар корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд саҳм гузоранд.
Тибқи нақша то фасли баҳор бо кӯмаки сокинон, корхонаю ташкилотҳо ва мақомоти дахлдор  то 100 ҳазор бех ниҳолу дарахтони ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда шинонда мешаванд.
Бо ин мақсад дар марҳилаи аввал зиёда аз ҳазор бех ниҳоли навъи «Ардач» харидорӣ шуда, дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр шинонда хоҳад шуд. Дар шаҳри Хуҷанд маъракаи ниҳолшинонӣ идома дорад.Ҳамзамон ба роҳбарияти корхонаю ташкилотҳо муассисаҳои маориф тандурустӣ, варзишӣ ва ғайра дастур дода шудааст, ки бо истифода аз ҳавои мусоид шанбегӣ гузаронида, мавзеҳои вобасташударо ободу тоза намоянд.