(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи нақша чорабинии раёсати Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дарс-лексияи омехта дар мавзуи "Об манбаи ҳает" бахшида ба соли 2025 "Соли ҳифзи пиряхҳо" бо иштироки донишҷӯёни соли якум баргузор гардид.

Дар дарс 5 нафар омӯзгор, аз ҷумла дотсент Муътабар Шарипова аз фанни забони тоҷикӣ, Мутриба Ҳоҷибоева аз фанни математика, Умедҷон Мақсудов аз фанни забони англисӣ, Шоҳрух Отаев аз фанни химияи ғайриорганикӣ, Содиқҷон Ғаффоров аз фанни химияи таҳлилӣ машғулият гузарониданд.
Таъкид гардид, ки ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меоранд. Яке аз ҳадафҳои рушди устувор ба масъалаи таъмин намудани дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт бахшида шудааст. Ин ҳадаф, дар баробари зарурати таъмин намудани дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошти масълаҳои сифати об, истифодаи самаранокии он, пиёдасозии мудирияти муштараки захираҳои об, ҳифзи экосистемаи об, инчунин, тавсеаи ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи обро дар бар мегирад. Тоҷикистон дар арсаи чаҳон чун кишвари пешоҳанг ва ташаббускори калидии мавзӯи об шинохта шудааст.
Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз моликони асосии захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба ҳисоб меравад. Зиёда аз 60%-и захираҳои обии Осиёи Марказӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ки дар ҳудуди минтақа бо мақсадҳои гуногун истифода бурда мешавад. Манбаи обҳои ошомидании аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гиранда, пиряхҳо ба шумор мераванд. Тибқи маълумоти оморӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2018 14000 пирях ба қайд гирифта шуда буд. Аммо мутаассифона давоми солҳо аз ин шумора зиёда аз 1000 пирях қисмар ё пурра нобуд гардидааст, ки ин ҳам ба муҳити атроф ва ҳам ба олами набототу ҳайвоноти минтақа таъсири манфӣ мерасонад.
Дарс бо усули муосир бо истифода аз технология навин баргузор гардид.
Машғулиятро муассиси донишкада Комилҷон Комилов, ректори донишкада Раҳимҷон Назаров, деканони факултетхо, мудирони кафедрахо, омӯзгорони ҷавон мушоҳида намуданд.
Дар фарҷом ректори донишкада Раҳимҷон Назаров дарсро таҳлилу баррасӣ намуда, ба сатҳи баргузории он баҳои баланд дод.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд