(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷавонони синни то даъвати бо ҳаёти сарбозон ошно шуданд.

Тибқи нақша-чорабиниҳои якҷояи Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд бо мақсади тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз Ватани соҳибистиқлол, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандустии ҷавонон санаи 5 декабри соли 2014 дар қисми низомии 3501-и қушунҳои дохилаи Вазорати корҳои дохилӣ «Рӯзи дарҳои кушод бо ҷалби наздик 100 нафар ҷавонони синни то даъватӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов доири мақсаду мароми чорабинии мазкур сухан гуфта, қайд намуд, ки яке вазифаҳои асосии насли ҷавонони имрӯза иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ буда, бо даъвати ватан сари ваки ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ аст. Ҳамчунин аз ҷониби меҳмонон ба сарбозону афсарони қисми низомӣ 400 адад китобҳои гуногун бедиеӣ ва илмию маърифатиӣ тақдим карда шуд. Ҷавонони синнӣ то даъватӣ  аз шароити хизмати сарбозон, низоми ҳамарӯзаи хизмати ҳарбӣ ва ҳаёти сарбозии онҳо аз наздик шинос шуда, бо онҳо мулоқоти самимӣ анҷом доданд.