(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи шаҳр бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар масоили мубрами ҷомеа бо усули "Кӯча ба кӯча" бо сокинони биноҳои баландошёнаи №6 ва 6 "а"-и микроноҳияи 18-и маҳаллаи "Мевағул" ва микроноҳияи 31-и маҳаллаи "Дӯстии халқҳо" баргузор гардид.

Дар мулоқотҳо мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Мурод Раҷабов, намояндаи шуъбаи дар шаҳри Хуҷанд будаи РКДАМ ҶТ дар вилояти Суғд М. Лоиқов, судяи суди шаҳри Хуҷанд М. Дӯстзода, ёрдамчии прокурори шаҳр Фаридун Нуруллозода баромад намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд