(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд ба муносибати эълон гардидани соли 2024-"Соли маърифати ҳуқуқӣ" даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Маърифати ҳуқуқӣ-оини худшиносӣ" баргузор гардид.

Таъкид шуд, ки ин озмун бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ,дар руҳияи эҳтиром нисбат ба волоияти қонун дар байни хонандагон, донистани ҳуқуқ ва вазифаҳои муқарраршуда барои хонандагон ва риояи иҷрои онҳо, ташаккули тарбияи ватандӯстӣ, ҳифзи амният ва ободии Ватан роҳандозӣ гардид.
Даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Маърифати ҳуқуқӣ ойинаи худшиносӣ " аз руи 4 шарт:-саволу ҷавоби шифоҳӣ, хаттӣ, тестӣ дар доираи мавзӯъ ва масъалаҳои ҳуқуқӣ, Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикистон, Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак
-муаррифии рӯнамо (презентатсия) довталаб дар мавзӯи "Маърифати ҳуқуқӣ ойинаи худшиносӣ"
-навиштани эссе дар мавзӯи "30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
-пешниҳоди маводи чопӣ (мақола, шеър, эссе, аксҳо, аксҳо, расмҳои беҳтарин) дар рӯзномаву маҷаллаҳои маҳаллӣ,вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба тарғиби тарбияи ҳуқуқӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак сурат гирифт.
Дар озмун 63 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд