(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altБо эҳтимоми Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Раёсати маорифи вилоят дар МТМУ №28-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолону намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин баён намуданд, оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм, дур шудан аз бегонапарастӣ ва риояи сару либоси миллӣ, инчунин пешгирии ба анҷом расонидани сафари ҳаҷ аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагон, иштирок дар таълимоти ғайрирасмии динӣ, тарбияи худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ дар замири ҷавонон мулоқоти аҳли маорифи вилоят бо сиёсатшиноси шинохтаи кишвар, номзади илмҳои сиёсӣ, Директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо баргузор гардид.

Мулоқотро мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода ифтитоҳ намуда, ҳадафи нишастро шарҳ дод.
Сипас, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки тайи чанд соли охир бархе аз кишварҳои мусалмонӣ ба буҳрони бузург гирифтор шудааст, ки низоъу ҷангҳои нав ба нав ва дар майдони муборизаҳои сиёсӣ пайдо шудани ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-мазҳабӣ нишонаи равшани он мебошад. Аз ҷумла, бо роҳи сиёсисозии дини ислом, бархе аз ашхос, ҳизбу гурӯҳҳо ва давлатҳои манфиатхоҳ доираи васеи мардумро ки фаҳмишҳои пасти динӣ доранд, барои пиёда кардани ҳадафҳои сиёсии худ истифода карда истодаанд. Ҳол он, ки дин ин муттаҳидкунанда аст, дин сулҳ аст, дин оромӣ аст, дин ахлоқ аст. Агар дин ба муҳтавои воқеияш истифода шавад, ҳамаро комёбу муваффақ ва саодатманд месозад. Агар суйиистифода шавад ҳамаро нокому сарсону парешон месозад.
Дар раванди ҷаҳонишавии муосир Тоҷикистон низ аз ин воқеаҳои манфури ҷомеа канор набуда, мубориза бар зидди ин амалро яке аз ҳадафҳои асосӣ қарор дода, тадбирҳои зиёдеро дар ин самт амалӣ менамояд. Иллатҳои сар задани чунин падидаҳои номатлуб, хатари тафриқаандозӣ ва ҷудоӣ дар байни ҷавонони ҷумҳурӣ ҳамчун иғвоангезӣ ва ҳизбгароиву гурӯҳбандӣ дар фазои мамлакат мебошад. Мавриди гуфтан аст, ки нақши фарҳанг, тарғиботу ташвиқоти таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.
Мавсуф зимни баромади худ аз суханронии муфассали хеш мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин ёдоварӣ намуда, онро дар шароити ҳассоси кунунии кишвар ва вазъи мураккаби геополитикӣ хеле муфиду муҳим арзёбӣ намуд қайд кард, ки ҳама гуфтору андеша ва ғояҳое, ки Президенти Тоҷикистон дар ин суханронӣ баён намуданд, хеле асоснок бар асоси оятҳои Қуръони маҷид ва ҳадисҳои набавӣ баён гардидаанд. Яъне, суханронии асоснок бар таълимоти динӣ ва илмҳои он аст. Дар ин суханронӣ ҷиҳатҳои ҷолиби зиёде ҳастанд, ки метавон онҳоро ба тартибе, ки дар суханронии Президенти Тоҷикистон омадааст, мавриди ибрози андеша қарор дод.Ҷолибтарини онҳо, ки мо аз ин пеш ҳам дар сиришти Пешвои миллатамон мушоҳида намудаем, раҳму шафқат ва хайру эҳсон нисбат ба фақирон, ятимон, бебизоатон, шахсони бемояву бемору нотавон аст. Ва мову шумо хуб медонем, ки сиёсати дастгирӣ, раҳму шафқат, расонидани кумакҳои мушаххас ба ятимону камбизоатону беморон аз оғоз яке аз самтҳои асосӣ дар фаъолияти Пешвои миллатамон будаву ҳаст.
Ҳадафи ҷолиби дигаре, ки ин суханрониро рӯи кор овардааст, муайян намудани мавқеи сиёсии давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар ин замони “бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, “сиёсати дугона” нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ” мебошад.
Дар ҷараёни мулоқот сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода ва сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода низ баромад карда, доир ба масъала матраҳгардида, фикру андешаҳои хешро баён дошта, таъкид намуданд, ки суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон барнома ва дастурамали ватандӯстонаву ватанхоҳонае аст, ки имрӯзҳо бояд роҳнамои асосии ҳар сокини ин Ватан –Тоҷикистони озоду биҳиштосову соҳибтамаддуни мо бошад, зеро дар он метавон кафолати ояндаи дурахшону созанда ва пойдори ин сарзаминро эҳсос намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд