(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ситоди шабонарӯзии шаҳр ба фаъолият оғоз намуд.Дар асоси супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода тамоми сохторҳои дахлдори Корхонаи воҳиди давлатии Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ барои бартараф намудани оқибатҳои барфрезӣ ва яхбандӣ пурра омода карда шудаанд.
Бо ин мақсад ситоди махсус фаъолияти худро барои таъмини бехатарии роҳ ва ҳаракати мунтазами нақлиёт дар кӯчаҳои маркази вилоят, ҳамчунин чораҷӯии саривақтӣ нисбати  яхбандии кӯчаҳо оғоз намудааст.
Фаъолияти ин ситод шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, ҳайати он аз масъулину кормандони соҳаҳои раёсати ободонӣ ва   хоҷагию манзилии шаҳр  мураттаб гаштааст.
Ҳамаруза барои бартараф намудани яхбандии роҳхо 25 нафар дар се баст навбатдорӣ намуда, 6 адад воситаҳои нақлиёти махсус дар ҳолати омодагӣ қарор дорад. Лозим ба ёдоварист,ки то имрӯз тибқи нақшаи зимистонгузаронӣ зиёда аз 500 тонна маводи зидди лағжиш захира карда шудааст,ки ин нисбат ба соли гузашта 200 тонна зиёд аст.
Ҳамчунин барои сари вақт огоҳӣ ёфтан аз вазъу ҳолати кӯчаҳои шаҳр ва таъмини робитаи доимӣ байни сокинони шаҳр бо ситод телефони иртиботии 4 09 39 амал мекунад,ки сокинони доири мушкилоти роҳ дар фасли зимистон тариқи он метавонанд ба ситод маълумот диҳанд.