(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altМулоқоти масъулин бо сокинони биноҳои баландошёнаи рақамҳои 99 ва 100-и микроноҳияи 8-уми маҳаллаи "Темурмалик" тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо усули "Кӯча ба кӯча" доир гардид.

Дар мулоқот доир ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз ҳаргуна корҳои номатлуб, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷроиши Қонунҳои амалкунанда “Дар бораи масъулияти падару модар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, эҳтироми фарҳанги ниёгон, роҳ надодан ба бегонапарстӣ, тарзи дурусти истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи ҷавонон, тақлидкорӣ, сафари ҳаҷи умра, инчунин зиёрати ҳоҷиҳо ва дигар мавзӯъҳои мубрам бо маром идома дорад.
Дар мулоқот муовини аввали Раиси шаҳр Ғайбуллозода Хайрулло, Судяи суди шаҳр Қосимӣ С., намояндаи прокуратураи шаҳр Яров Сайвалӣ, намояндаи мақомоти амнияти шаҳр Сафаров Ф., мудири шӯъбаи кор бо маҳал Раҷабов М. иштирок ва суханронӣ намуданд.




Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд