(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар озмуни вилоятии "Оилаи намунавӣ" оилаи Исломовҳо аз маҳаллаи "Раззоқ"-шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, мақоми аввалро ба даст оварданд. Ҳамзамон аз маҳаллаи "Қорираҳмат Қурбонов" оилаи Охунҷоновҳо иштироки фаъолона намуда, мақоми дуюмро соҳиб шуданд.

Озмуни вилоятӣ аз рӯйи номинаҳои: "Ҳамчун оилаи намунавӣ дар маҳалли зист", "Солимии оила дар муносибатҳои оилавӣ ва тарбияи дурусти фарзандон", "Саҳми оила дар ободонии кӯча, маҳалла, деҳот ва шаҳрак", "Иштироки аъзои оила дар корҳои ҷамъиятӣ ва фардӣ" ва "Нақши оила дар ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ" баргузор гардида, ба ғолибон аз ҷониби муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд