(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар МТМУ №22-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти масъулини шаҳрдорӣ, ҲХДТ дар шаҳр ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо сокинони маҳаллаи "Мевағул" тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Дар мулоқот Хайрулло Ғайбуллозода, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд, Фазлиддин Сафарзода, муовини Раиси Суди шаҳри Хуҷанд, Меҳрубон Лоиқов, намояндаи шуъбаи шаҳрии РКДАМ ҶТ дар вилояти Суғд, Манзурат Сатторова, мудири шуъбаи муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Муҳаббат Ӯрунбоева, муовини раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз ҳаргуна корҳои номатлуб, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷроиши Қонунҳои амалкунанда “Дар бораи масъулияти падару модар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, эҳтироми фарҳанги ниёгон, роҳ надодан ба бегонапарстӣ, тарзи дурусти истофодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи ҷавонон, тақлидкорӣ, сафари ҳаҷи умра, инчунин зиёрати ҳоҷиҳо ва дигар мавзӯъҳои мубрам маърӯзаҳо намуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд