(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altВатандўстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои олии кишвар аз зумраи мавзўъҳои муҳими раванди таълиму тарбия маҳсуб ёфта, тадриси он вазифаи муҳиму муқаддаси ҳар омўзгор аст. Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷўҳи хоса доранд ва ҳалли ин масъала дар тамоми сохторҳои илмию таълимӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ин радиф хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмини оромиву осудагии мамлакат низ аз худшиносӣ, худогоҳӣ ва садоқат ба давлату миллати ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Тавре огаҳӣ дорем, ба масъалаи саривақт омода сохтани ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар, моҳияти ватандориву меҳанпарас-тиро ба умқи дили ҳар ватандор ҷо намудан тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Ҳифзи ҳар ваҷаб замини авлодӣ, эҳтиёт намудани ҳар кунҷи диёр, дўст доштани он – ҳанўз аз синни хурдсолӣ ба роҳ монда мешавад.
Масъалаи ватандўстӣ ва ҳимояи он аз ҷониби ҷавонони шуҷою далер хеле муҳим аст, аз ин хотир, соли сипаришуда Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шуморид, ки Қонун “Дар бораи тарбияи ватандўстии шаҳрвандон”-ро қабул намояд. Ҳамагон хуб медонем, ки он аз 5 бобу 21 модда иборат буда, барои имрўзу фардои кишвари азизамон аҳамияти хоса дорад. Махсус дар моддаи дуюми он таъкид мешавад, ки қонуни мазкур бо мақсади “ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандўстӣ” дар ниҳоди шаҳрвандон арзёбӣ гардидааст. Қонун ҳар шаҳрванди ҷумҳуриро вазифадор месозад, ки барои абадиву пойдор мондани сулҳу ваҳдат дар ҷомеа, Истиқлолияти миллӣ дар Ватани азизамон саҳмгузор бошад.
Дар замоне, ки гурўҳҳои ифротгаро ва авомфиреб ҷавононро ба ҳар роҳу усул ба ҳаракатҳои террористӣ шомил месозанду ниҳоят дар ҷомеа вазъи номатлубро ба вуҷуд меоранд, вазифаи ҷавонони мо зиракии сиёсиро аз даст надодан маҳсуб меёбад.
Бояд гуфт, ки худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандўстӣ ва садоқат ба Ватан ибораҳоеанд, ки маърифати маънии он барои ҳар шаҳрванд вазифаи муқаддасу ҷонист.
Воқеан, имрўз худшиносии миллӣ, ҳисси ватандўстӣ ва садоқат ба Ватан яке аз пояҳои муҳими давлату давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.
Маҳз ҳамин ҳисси ватандўстӣ буд, ки миллати мо бо сарварии фарзонафарзандаш, Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мушкиливу муаммои зиёди мавҷуда нигоҳ накарда, ваҳдати миллиро дар кишвар барқарору пойдор сохт. Аз ин рў, тарѓиби ҳамешагии ин мафҳумҳо барои насли ҷавон манфиатовар аст.
Тавре Пешвои миллат изҳор доштанд: “Дар замири ҳар фарди ҷомеа тарбия кардан ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандўстиву ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳими пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад".
Ҳамчун омўзгор гуфтаниам, ки тарбияи ҳисси ватандўстии насли наврас ва ҷавонон вазифаи муқаддаси қабл аз ҳама волидайну мо, омўзгорон аст, то фаъолияти худро дар ин самт бештар бояд вусъат бахшем.