(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар МТМУ №18 байни толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни “Шоҳномахонӣ” баргузор гардид. Дар озмун беш аз 50 нафар ғолибони даври мактабӣ ширкат варзида, донишу истеъдоди худ ва маҳорати суханварию қироати ифоданокро аз “Шоҳнома” – и безаволи Фирдавсӣ дар ҳузури ҳакамон намоиш доданд.

Дар ҷамъбасти озмун ҳайати доварон ҷойи аввалро ба хонандагони зерин: Гулдаста Дӯсталиева (МТМУ №21), Зебунисо Мирзоева (Мактаб барои хонандагони болаёат) ва Ҷӯрабек Назриддинов (МТМУ№2) сазовор донистанд. Мақоми дуюм насиби Сатторова Мадина (Литсейи №1), Абубакр Заҳриддинов (МТМУ№25) ва Ядгарова Согдиана (М/Х Дониш) гардид. Ҷойи сеюмро Ҷаъфар Азизов (Гимназияи №4), Зӯҳро Бобоҷонова (МТМУ№10) ва Даврон Ашуров (МТҒ “Паймон”) ба даст оварданд.
Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо диплом ва сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
Озмуни шаҳрии “Шоҳномахонӣ” ҳамасола дар асоси нақшаи чорабиниҳои шуъбаи маориф бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадрдонӣ, гиромидошт ва таҷлили 1085-солагии Абулқосими Фирдавсӣ ба хотири ҷалби хонандагон ба адабиёт, шеъру шоирӣ, бедор намудани ҳисси эҷодкорӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, бой гардонидани захираи луғавӣ, тарғиби ғояҳои ватандӯстона ва таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳии миллӣ гузаронида мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд