(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрўз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Холгер Вифел ва ҳайати ҳамроҳонашро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.

Фирдавс Шарифзода аснои суҳбат Холгер Вифелро ба Хуҷанди бостонӣ хайрамақдам гуфта, аз тадбирандешиҳои Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, корҳои бунёдкориву созандагӣ ёдоварӣ кард. Таъкид шуд, ки айни ҳол бо дастгирии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд” муваффақона амалӣ шуда истодааст ва тибқи дурнамо дар доираи лоиҳа харидории автобусҳои барқӣ пешбинӣ шудааст, ки он барои рушди хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.
Холгер Вифел зикр дошт, ки БАТР солҳои охир дар Тоҷикистон хеле фаъол аст ва ба васеъ намудани дастрасӣ ба маблағҳо барои намояндагони бахши хусусӣ ва модернизатсияи инфрасохтори коммуналӣ мусоидат мекунад. Хуҷанд яке аз шаҳрҳои муҳим ва афзалиятнок дар сиёсати БАТР қарор гирифтааст.
Дар ҷараёни мулоқот мавзуъҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда ва банақшагирифташуда, амалишавии лоиҳаҳои нави давлатии сармоягузорӣ дар самти технологияҳои рақамӣ, маблағгузории иқтисодиёти сабз, хизматрасонӣ, роҳсозӣ ва дигар масъалаҳои ҳамкорӣ матраҳ гардиданд.
Роҳбари Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Холгер Вифел изҳор дошт, ки тибқи барномаи нави ҳамкорӣ бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ ба тақвият бахшидани фаъолияти бахши хусусӣ тавассути ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватании рақобатпазир ва ташкили ҷойҳои нави корӣ диққати махсус дода мешавад.
Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо пешниҳодоти лоиҳаҳои мушаххас баҳри амалӣ намудани он саҳмгузорӣ хоҳанд намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд