(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲифзи ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад. Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва яке аз рукнҳои муҳимтарини тарбия мебошад, зеро сарчашмаи ватандустию ифтихори миллӣ аз тарбия ба вуҷуд меояд. Ватан барои ҳар як миллат муқаддас мебошад, макони беминнат, макони ҳастӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Ҷойгоҳе, ки инсон дар замири он бо як шеваи рангин, бо сухани зебою хушоҳанг, бо нармию нармафзоӣ қадам мезанад, чун пайкари бузурги он дар партави худ меҳрубонию садоқатро ҷойгузин кардааст.

Аз рӯзҳои нахустини бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба артиши миллӣ диққати бештар дода, барои таъмини шароитҳои арзанда корҳои бузургро ба сомон расониданд. Чун имрӯз гувоҳ ҳастем, дар қисмҳои низомӣ ҳама гуна шароит муҳайё буда, ҷавонони ватандӯст баҳри ҳимояи Ватану миллат хизмати софдилонаву содиқона мекунанд.
Бо мақсади татбиқи дастуру супоришоти Роҳбари давлат имрӯз бо иқдоми Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби волонтёрон ва ҷавонони фаъол аксияи хона ба хона, кӯча ба кӯча, таҳти унвони “Инак, масъулияти ҳимояи ин марзу буми муқаддас ба дӯши туст!” доир гардид. Дар аксия волонтёрон ва ҷавонони фаъоли шаҳри Хуҷанд ба ҷавонон ва шаҳрвандон дар кӯчаҳои марказии шаҳр ва хонаҳои истиқоматии сокинон варақаҳои таблиғотӣ ва иттилоотиро тақсим намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд