(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altЗиёда аз 50 нафар волонтёрони шаҳри Хуҷанд дар боғи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ҷамъ омада, дар ин боғ "Боғи волонтёрон" таъсис доданд.

Консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд Сергей Ланкин қайд кард, ки таъсиси «Боғи волонтёрон» дар вилояти Суғд оғози як қатор чорабиниҳо бахшида ба Соли Ҳаракати волонтёрон дар ИДМ гардид. ????Ба гуфтаи муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Фахридинзода, ин иқдом нишонаи дӯстии ду халқи бародари Тоҷикистону Русия аст. Чорабинии мазкур аз ҷониби Маркази илм ва фарҳангӣ Россия дар шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд баргузор карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд