(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Чемпионати Тоҷикистон оид ба намуди дастхобонӣ байни варзишгарони имконияташон маҳдуд баргузор гардид.

Дастаи мунтахаби шаҳри Хуҷанд дар чемпионат фаъолона иштирок намуданд.
Дар натиҷа байни мардон ва занон дар умум соҳиби 13 медал, аз ҷумла соҳиби 7 медали тилло, 2 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ сазовор гардиданд.
Дар маросими ҷамъбастии чемпионат сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Исматҷонов Бахтиёр иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар охир ба ғолибону ҷоизадорон медал ва дипломи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд