(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар пайгирӣ аз иқдомоти созандагиву бунёдкории роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати тадбиқи ҳадафҳои “Солҳои 2024-2026-солҳои рушди саноат дар мамлакат” ва мусоидат намудан бобати бо ҷоийи кор таъмин кардани шаҳрвандони кишвару саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳри Хуҷанд дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нави забҳи паррандаи ҶДММ “Файзи ҷаҳон” ба фаъолият оғоз кард.

Дар маросими ба кор андохтани коргохи мазкур Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари гурўҳи корӣ дар шаҳри Хуҷанд оид ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбон Ҳакимзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иштирок варзиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори шабонарӯзии коргоҳи забҳи паррандаи “Файзи ҷаҳон” беш аз 7, 5 ҳазор сар буда, парранда пурра аз фабрикаи ширкат дастрас карда мешавад. Алҳол дар фабрикаи паррандапарварии ширкати “Файзи ҷаҳон” беш аз 12 ҳазор сар парранда парвариш карда мешавад. Гӯшти истеҳсоли парранда барои коркарда дигар корхонаҳои ширкат истифода мешавад, то 80 фоиз талаботи ширкати истеҳсоли махсулоти гӯштиву ширии ҶДММ “Файзи Расул” мусоидат карда, тавоноии он дар оянда афзоиш дода хоҳад шуд.
Дар коргоҳи навтаъсиси забҳи паррандаи “Файзи ҷаҳон” 3 яхдони муосир барои нигоҳдоштани мҳсулот бо иқтидори 50 тонна гӯшт сохта шуда, дар ин коргоҳ 20 нафар сокинон бо ҷои кор таъмин гардиданд.
Масъулони коргоҳ фаъол кардани ин иқтидори санаотӣ ва дигар корхонахои истеҳсолиро ба равнақи бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд, ки аз дастгириҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд