(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБаъди пахши навори муносибати дағалонаи ронандаи хатсайри дар сомонаи "Пресса тҷ", ки субҳи 03.04.2024 сурат гирифт, боиси нигаронии мардум гардид, аз ҷониби прокуратураи шаҳри Хуҷанд фавран мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар кӯтоҳтарин фурсат шахсияти ронанда муайян ва ба ҷавобгарӣ кашида шуд.

Бо супориши прокурори шаҳри Хуҷанд мушовири адлияи дараҷаи якум Бахтиёр Нозимзода аз ҳисоби кормандони мақомоти прокуратура ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Хуҷанд гуруҳи фаврӣ таъсис ва шахсияти ронанда муайян ва ба ҷавобгарӣ кашида шуд.
Муайян гардид, ки ронанда сокини шаҳри Хуҷанд, Разак-заде Азизхони, соли таваллудаш 08.07.1995., ронандаи микроавтобуси тамғаи “Мерседес Спринтер” рақами давлатиаш 78-08 ТТ06, ки дар хатсайри №48-и ҶДММ «Газелтранскомпания»-и шаҳри Хуҷанд 6 моҳ инҷониб бо мусофиркашонӣ машғул мебошад, санаи 03.04.2024 тахминан соати 10:50 дақиқа ҳангоми мусофиркашонӣ аз Амфитеатри “Арбоб”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нисбати мусофирони микроавтобусаш, ки то шаҳри Хуҷанд мерафтанд, дағалона муносибат карда, нисбати мусофиронаш суханҳои қабеҳ гуфта бо овози баланд доду вой карда, одобу маданияти шаҳрдориро риоя накарда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст. Баъди пахши навори кирдораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ шарм медорад. Ва имрӯз аз кирдори кардааш сахт пушаймон аст.
Тибқи талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби мақомоти прокуратура ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Хуҷанд нисбати ронанда Разак-заде Азизхон барои ба ҷавобгарӣ маъмурӣ кашидан чораҳо андешида шуд нисбати ронанда бо моддаи 323 қисми 1-и кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶумҳурииТоҷикистон , ки худсарона аз хатти сайри вобасташудаи №48 маҳаллаи 8-12-и шаҳри Хуҷанд то бозори Сомон баромада дар хатти сайри №76 аз Қасри Арбоб то маҳаллаи 34 шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шуданаш протокол тартиб дода шуд.
Зимни суҳбат ронанда аз амалкарди худ пушаймонии хешро изҳор дошта, таъкид намуд, ки бинобар хасташавии асаб ба чунин амал даст задааст. Аз дигар ронандагон хоҳиш менамояд, ки ҳаргиз чунин кирдорро содир накунанд, зеро ҳар яке амалеро подошест, бахусус агар ҳуқуқи нафари дигареро поймол созанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд