(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар дар шаҳри Хуҷанд мавсими лолашинониро оғоз намуданд.Дар асоси дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода  мавсими шинондани пиёзаки гули лола дар маркази вилоят оғоз ёфт. Гулкорони Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ободонии шаҳри Хуҷанд то санаи 18 ноябр тамоми корҳои омода намудани заминро барои парвариши гули лола  ба анҷом расонда алҳол дар майдонҳои барои парвариши гул пешбинишуда  пиёзаки гули лоларо шинонда истодаанд.
То имрӯз кормандони муассисаи номбурда дар навбати аввал зиёда аз 30 ҳазор дона пиёзакҳо  шинонда шуда, барои сари вақт ва беталафот  сабзидани онҳо корҳои агротехнологиро анҷом медиҳанд.
Лозим ба ёдоварист,ки тибқи нақшаи омодашуда дар арафаи Наврӯзи соли 2015 гулзорҳои шаҳрро зиёда аз як миллион дона гули лола, бо намуди ҷадид оро хоҳад дод. Навъи гули лола «Ҳолландӣ» буда, он аз гармхонаҳои Федератсияи Руссия харидорӣ шудааст.