(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Даъват  ба  таҳсилДар гимназияи рақами 4-уми  шаҳри Хуҷанд бо мақсади даъват ва қабули ҷавонон-хатмкунандагони имсолаи мактабҳои миёна ба таҳсил, муаррифии Донишгоҳи давлатии нефтию техникии шаҳри Уфаи давлати Башқордистони Федератсияи Россия баргузор гардид.

Сароғоз ташкилкунандагон ва намояндагони донишгоҳ Салимҷон Ӯрунов ва Чанишев Наил Тагирович ҷамъомадагонро хайрамақдам гуфта, оид ба факултету ихтисосҳои ин мактаби олӣ маълумот доданд. Зикр гардид, ки қабули довталабон ба донишгоҳ тариқи озмун аз рўи фанҳои математика, забони рўсӣ, химия, физика, философия, информатика сурат мегирад. 5 нафар ғолибе, ки дар озмун холи аз ҳама зиёд мегиранд ба гурӯҳи буҷетӣ ва 10 нафари дигар ба гурӯҳи шартномавӣ қабул карда мешаванд.

Дар озмун беш аз 120 нафар хонандагони синфҳои 11-ум аз мактабу гимназияҳои вилояти Суғд,  хусусан шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Қайроққум ва Чкалов иштирок намуданд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки имрӯзҳо дар Донишгоҳи давлатии нафтию техникии шаҳри Уфа наздик 18 ҳазор нафар донишҷўён аз давлатҳои мухталиф таҳсил мекунанд. Аввалин хатмкардаи ин донишгоҳ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимҷон Ӯрунов маҳсуб мешавад, ки дар таърихи 23-солагии таъсисёбии донишгоҳи мазкур онро бо дипломи сурх хатм карда буд ва алҳол аспиранти ҳамин донишгоҳ мебошад. Донишгоҳи давлатии шаҳри Уфа барои давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Беларусия бо мақсади сабукӣ дар таҳсил гурӯҳҳои буҷетии худро ташкил намудааст.